13.05.2025 / ТАЪМИРУ НАВСОЗИИ РОҲИ ДЕҲАИ ТЕГИРМӢ ДАР ДОИРАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ 10.05.2025

Роҳсозӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими инфрасохторӣ ва рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти махсус дошта, ба ҳалли мушкилоти рӯзмарра ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мусоидат мекунад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Нуробод рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодаанд. Дар доираи ҳамин тадбирҳо, бо саҳмгузории сокинони заҳматдӯсти деҳаи Тегирмии Ҷамоати деҳоти Меҳробод роҳи байни деҳаи мазкур дар масофаи 6 километр таъмир ва аз навсозӣ карда шуд. Айни ҳол, корҳои азнавсозӣ идома доранд.
Барқарорсозии роҳ на танҳо рафтуомади сокинонро осон менамояд, балки барои рушди соҳаи кишоварзӣ низ мусоидат мекунад, зеро роҳи мазкур дастрасӣ ба заминҳои кишоварзиро беҳтар гардонда, имкони истифодаи пурсамари онҳо ва интиқоли маҳсулоти деҳқонӣ ба бозорҳоро фароҳам месозад.
Дар марҳилаи иҷрои ин кори ободонӣ раиси ноҳияи Нуробод муҳтарам Фатҳуддин Солеҳзода иштирок намуда, ҷиҳати тақвияти корҳои сохтмонӣ ва ҷалби васеи сокинон ба амалҳои созанда дастуру ҳидоятҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Имрӯз ҳар як сокини кишвар вазифадор аст, ки дар ободонии маҳалли зисти худ — аз хонаи худ то кӯча ва роҳҳои ҷамъиятӣ — саҳмгузор бошад.
Ин иқдоми созандагӣ ва бунёдкорӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия амалӣ гардида, ба татбиқи амалии ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст. Таъмиру азнавсозии роҳҳои деҳаву маҳаллӣ барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаи воқеӣ мегузорад.