Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

13.05.2025 / ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 8 майи соли 2025



       Имрӯз дар ноҳияи Нуробод ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, заҳматкашони ақибгоҳ ва гиромидошти ин санаи таърихӣ ташкил карда шуд. Ҳамоишро муовини якуми раиси ноҳия, Ҳисориён Зафар, ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи муборак ва муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфт. Зикр намуд, ки пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо заҳмату фидокории миллионҳо сарбозону афсарон, дар қатори онҳо фарзандони Тоҷикистон, ва аҳолии осоишта ва ақибгоҳ ба даст омадааст. Имрӯз, бо таҷлили ин рӯзи бузург, аз нақши муҳим ва таърихии иштирокчиёни ҷанг ва ҳамаи онҳое, ки барои таъмини саломатии ва амнияти Ватан заҳмат кашиданд, ёд мекунем. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Нуробод, Наботова Шамъигул, зимни суханронӣ иброз намуд, ки Рӯзи Ғалаба на танҳо барои собиқадорон, балки барои тамоми наслҳо, бахусус ҷавонон, як рӯзи таърихӣ ва гиромӣ мебошад. Он рамзи олии ватандӯстӣ, фидокорӣ ва шуҷоат аст. Дар идомаи чорабинӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Эшонҷон Саидов, ва сармутахассиси бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Ҳакимова Соҷида, ҳозиринро бо ин санаи бузург табрик намуданд ва бо ишора ба аҳамияти Рӯзи Ғалаба таъкид карданд, ки ҳамеша бояд ғамхорӣ ва эҳтиром ба ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва муттаҳидӣ дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонӣ ҳифз карда шавад. Ҳамзамон, дар ин рӯз ба иштирокчиёни ақибгоҳ дидорбинӣ шуда, кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод