13.05.2025 / Озмуни ноҳиявии дарёфти квотаи Президентӣ дар МТМУ №28-и ноҳияи Нуробод баргузор гардид.

Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Нуробод озмуни ноҳиявии хонандагон баҳри дарёфти квотаи Президентӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳими маърифатӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия бо рӯҳияи болида, завқу ҳавасмандии баланд ва як дили гарм ширкат варзида, ҷиҳати дарёфти роҳхат ба даври ниҳоии озмун рақобати солим намуданд.
Дар оғози чорабинӣ, намояндагони соҳаи маориф ва масъулини озмун шарту талаботи иштирок дар озмун, низомномаи баргузорӣ, принсипҳои интихоби довталабон ва марҳилаҳои минбаъдаро муфассал фаҳмониданд. Ба довталабон хотиррасон карда шуд, ки озмун дар асоси адолат, шаффофият ва баробарҳуқуқӣ доир гардида, дониш, лаёқат ва омодагии онҳо ба ихтисоси интихобшуда меъёри асосии интихоб хоҳад буд.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон ва дигар шахсони алоқаманд дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи Низомномаи муқарраршуда баргузор гардид.
Интихоб ва баҳогузорӣ бо дарназардошти принсипҳои одилона, шаффофият ва баробарҳуқуқии довталабон сурат гирифт. Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо, ошкор ва дастгирии чеҳраҳои болаёқат ва боистеъдоди ҷавонон дар минтақаҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат ва рушди неруи зеҳнии насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Таҳти ҳамин сиёсати хирадмандона, ҷорӣ намудани квотаи Президентӣ яке аз иқдомҳои муассири давлат дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, махсусан аз оилаҳои ниёзманд ва минтақаҳои дурдаст, маҳсуб меёбад. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, то онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таҳсил намоянд ва дар рушду пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар интиҳои озмун довталабони сазовор ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Онҳо бо изҳори миннатдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат, омодагии худро барои идомаи таҳсил дар зинаи олӣ ва хизмат ба Ватан иброз доштанд.