05.05.2025 / Машварати кории раиси ноҳияи Нуробод баргузор гардид.

Санаи 5 майи соли 2025 таҳти раёсати раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен машварати кории навбатӣ баргузор гардид.
Дар машварат муовини якум,муовинон, роҳбарони ҷамоатҳо, ташкилоту идораҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки масъулон бояд бо садоқат ба давлату миллат, масъулияти баланд ва рӯҳияи созандагӣ амал намуда, дар татбиқи нақшаҳои ободонию бунёдкорӣ саҳми фаъол гузоранд.
Дар машварат иҷрои нақшаҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, таъмири роҳҳо, беҳсозии инфрасохтор ва муассисаҳои иҷтимоӣ аз самтҳои муҳим шуморида шуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои кишти баҳории картошка, барқарорсозии заминҳои бекорхобида, ташкили озмунҳои зеҳнӣ ва маърифатӣ дар байни хонандагону ҷавонон, бунёди китобхонаҳо дар деҳот, мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон, ва ташкили чорабиниҳои дарпешистода дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси ноҳия масъулонро муваззаф намуд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил, касбомӯзии занону ҷавонон, беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ва рушди ҳаёти маънавии ҷомеа тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бо мақсади назорати қатъии иҷрои дастуру супоришҳо, ба сохтору шахсони масъул дастур дода шуд, ки асноди назоратӣ бо муайян намудани мӯҳлат ва шахсони масъули иҷро таҳия ва пешниҳод гардад.