05.05.2025 / "НУРОБОД: 35 СОЛИ ОБОДӢ ВА БУНЁДКОРӢ ДАР РОҲИ ИСТИҚЛОЛ"

Имрӯз мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин санаи таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарбаландист.
Бо шарофати Истиқлол, кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардид. Марҳалае, ки онро метавон давраи бунёдкориву созандагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ номид.
Дар ин замина, ноҳияи Нуробод низ саҳми шоистаи худро мегузорад. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ, роҳҳо ва дигар инфрасохторҳо дар ноҳияи мо идомаи сиёсати ободкоронаи давлат мебошад.
Мо – сокинони Нуробод, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ифтихор аз Истиқлол, кӯшиш мекунем то бо дастовардҳои назаррас ҷашни 35-соларо сазовор истиқбол гирем.
Боварӣ дорем, ки бо меҳнати софдилона ва якдилии мардум, ободии бештари ноҳия ва пешрафти Тоҷикистон таъмин хоҳад шуд.