05.05.2025 / КИШТИ КАРТОШКА: ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода рафти кишти баҳорӣ, аз ҷумла кишти картошкаро дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи талаботи агротехникӣ ба роҳ мондани он тадбирҳои амалӣ меандешад.
Бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ ва бо дастгирӣ аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо кишоварзон ва сокинони заҳматкаши ноҳияи Нуробод фаъолияти кишоварзиро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда, кишти картошкаро фаъолона ба роҳ мондаанд.
Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кишти картошка бо маром идома дошта, дар он аз тухмиҳои аълосифат ва техникаи кишоварзии муосир истифода бурда мешавад.
Зиёд гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар пазируфта шуда, дар ин замина роҳбарияти ҷумҳурӣ пайваста ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои обу замин, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва такмили усулҳои агротехникӣ ба масъулини соҳаву кишоварзон роҳнамоӣ менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод минбаъд низ тамоми захираҳо ва имкониятҳои мавҷударо баҳри тақвияти иқтидори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, ғанӣ гардондани бозори маҳал бо маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар сафарбар хоҳад намуд.