01.05.2025 / ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

ХАЛИЛЗОДА ДОДИХУДО АБДУРАҲИМ
Дар асоси розигии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Нуробод Халилзода Додихудо Абдураҳим аз 29 апрели соли 2025 ба мансаби мудири бахши сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таъин гардид.
Тарҷумаи ҳол:
Халилзода Додихудо Абдураҳим 05 августи соли 1995 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Соли 2016 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ (рӯзона) хатм кардааст.
Оиладор, соҳиби 1 фарзанд
Фаъолияти корӣ:
Солҳои 2013-2014 - Васлгари дараҷаи 3 ҶДММ «Мадад».
Солҳои 2017-2020 - Васлгари дараҷаи 3-4 ҶСК «Тоҷик СГЭМ» дар НБО-и "Роғун"
Солҳои 2020-2021- Меъмори КФ КВД «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Нуробод.
Солҳои 2021-2025- Мутахассиси пешбари бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Нуробод.