01.05.2025 / ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Санаи 26 апрели соли 2025 дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен гузаронида шуд.
Қайд намудан лозим аст, ки сокинони ноҳия доир ба масъалаҳои кӯмакҳои молиявӣ, ҳалли баҳси замин, таъмин бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кӯмак, баромадан ба нафақа, гирифтани табобати ройгон ва ғайра муроҷиат намуданд.
Зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси ноҳия қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои мухталиф баргузор мегардад.