Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

01.05.2025 / ҒАФФОРЗОДА ИСЛОМУДДИН РАҲМИДДИН



       Дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори раиси ноҳияи Нуробод аз 25 апрели соли 2025 Ғаффорзода Ислумуддин Раҳмиддин ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Нуробод таъин гардид. Тарҷумаи ҳол Ғаффорзода Ислумуддин Раҳмиддин 20 марти соли 1989 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ- менеҷер (рӯзона) хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд Фаъолияти корӣ: Солҳои 2012-2019- Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод. Солҳои 2019-2020 - Сармутахассиси бахши омори ноҳияи Нуробод. Солҳои 2020-2021- Сармутахассиси бахши даромадҳои давлатии раёсати молияи ноҳияи Нуробод. Солҳои 2021-2025- Муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи идоракунии буҷет, банақшагирии даромадҳо ва пардохтҳои давлатии раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод