Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

01.05.2025 / ҲИСОРИЁН ЗАФАР АБДУСАМАД



       Дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори раиси ноҳияи Нуробод аз 25 апрели соли 2025 Ҳисориён Зафар Абдусамад ба ҳайси муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод таъин гардид. Тарҷумаи ҳол Ҳисориён Зафар Абдусамад 06 июни соли 1973 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Соли 1996 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-омӯзгор (рӯзона) хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд Фаъолияти корӣ: Солҳои 1996-2000 -Омӯзгори МТМУ №13-и ноҳияи Нуробод. Солҳои 2000-2004 - Муҳаррири барномаҳои иттилоотии «Паём»-и Ширкати телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» шаҳри Душанбе. Солҳои 2004-2004 - Мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод. Солҳои 2004-2007 - Мудири шӯъбаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод. Солҳои 2007-2013- Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод. Солҳои 2014-2017- Котиби Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт. Солҳои 2017-2019- Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод. Солҳои 2019-2021- Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод. Солҳои 2022 -2024 Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Роғун. Солҳои 2022 -2025 -Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод