01.05.2025 / ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД 26.04.2025

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод муаррифии муовини якум ва муовинони раиси ноҳияи Нуробод баргузор гардид.
Дар маросими муаррифии муовини якум ва муовинони раиси ноҳия мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Низомӣ Нурулло ва раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода иштирок намуданд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Низомӣ Нурулло зимни муаррифӣ иброз намуданд, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавон дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёд гардида, имрӯзҳо ҷавонони болаёқату кордон дар вазифаҳои мухталифи соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ таъин карда мешаванд.
Дар ин замина, дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуда, Ҳисориён Зафар Абдусамад -ба мансаби муовини якуми раиси ноҳия, Раҳмонзода Зоир Валӣ ва Ғаффорзода Исломуддин Раҳмиддин -ба вазифаҳои муовинони раиси ноҳияи Нуробод таъин гардиданд.
Дар интиҳо, раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин ба кадрҳои навтаъин барои софдилонаю содиқона ва лоиқ ба боварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намудан баҳри беҳтар намудани сатҳу сифат ва некӯаҳолии мардум барору комёбҳо таманно намуданд.