Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

19.04.2025 / Фатҳуддин Солеҳзода: «Рустами Эмомалӣ ташаббускори таҳаввулоти навсозии Душанбешаҳр!»



       Зиндагии мусолиматомези бештар аз 100 халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун, ки аҳлона дар доираи барномаҳои ободонӣ бо таъмини волоияти қонун баҳри рушди мамлакат дар пойтахт пурсамар фаъолият менамоянд, шаҳри Душанберо ба маъвои сулҳ, ваҳдат ва дӯстӣ табдил дода аст. Ҳар иқдому ташаббусе, ки имрӯзҳо аз пойтахт, аз шаҳри Душанбе бармеояд, мардум ба он бо дидаи умед менигаранд ва раванди тараққиёти миллиро бодиққат меомӯзанд ва аз комёбиҳои пойтахти давлат ифтихор менамоянд. Зеро шароити ташаккул ва тавсеаи миллат ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахти мамлакат алоқамандӣ дошта, самтгирии сиёсӣ, тарҳрезӣ ва роҳандозии нақшаҳои хурду бузурги иқтисодиву иҷтимоии давлат, муайян кардани барномаву мундариҷаи рушди илм, маориф ва фарҳанг мансуб ба пойтахти мамлакат мебошад. Ба ҳамин хотир, ҳар фарди соҳибватан, сарфи назар аз он ки дар кадом гӯшаву канори мамлакат ё берун аз он зиндагӣ ва кору фаъолият менамояод, дар умқи дили худ Тоҷикистон, ҳамзамон бо ин, пойтахти кишвар-шаҳри Душанберо пеши назар меорад ва ба он эҳтиром мегузорад. Сокинони шаҳри Душанбе ва шаҳрвандони мамлакат, инчунин сайёҳону меҳмононе, ки ба пойтахт ташриф меоранд, рушди бемайлони шаҳри Душанберо дида, мушоҳида карда бо давраҳои гуногуни таърихи он дар муқоиса мегузоранд, арзёбӣ ва хулосабарорӣ менамоянд, ки симои шаҳри Душанбе ба куллӣ тағйир пазируфта аст, барои мардум ҷойҳои корӣ ва манзилҳои шоистаи истиқомат, боғу гулгаштҳо, мавзеъҳои беҳтарини истироҳат, марказҳои омӯзиши илм, фарҳанг, донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ муҳайё гардиданд ва бемуболиға шароити асосии тараққиёти ин маркази сиёсиву мадании Тоҷикистонро ба услуби кори муназзам ва мақсадноки самтҳои асосии фаъолияти маъмурии пойтахт - роҳбарии оқилонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб медонанд. Бешубҳа бунёди корхонаву муассисаҳо, мактабу шифохонаҳо, роҳҳо ва мавзеъҳои истироҳативу сайёҳӣ бо ин ҳама шаҳомату бузургӣ ва вусъат дар пойтахти мамлакат, далели воқеии моҳияти ин ҳақиқат аст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таҳаввулоти навсозии шаҳр аз ҷониби дигар дидгоҳ ва ҷаҳонбинии навро дар андешаи сокинони кишвар ба вуҷуд оварда, пойтахти мамлакатро ба маркази эътимоду эҳтироми халқ табдил дод ва байни ҳукумати кишвар ва мардум шароит ва пайванди ногусастанӣ эҷод карда, умеди оммаро ба ояндаи дурахшони кишвар боз ҳам бовар бахшидааст. Бешубҳа ин дастовард яке аз муҳимтарин комёбиҳои шаҳрдорӣ аст, ки бо эътирофи саҳми бузурги он дар таҳкими ободии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз ҷониби меҳмонону сокинони мамлакат арзёбӣ ёфтааст. Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе муборак!


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод