16.04.2025 / ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ ФУТБОЛ ДАР МАҲАЛ

Бо мақсади омавигардонии варзиш ва рушди футбол дар маҳал ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод санаи 15 апрели соли ҷорӣ Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода дар майдончаи варзишии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бо дастаҳои футболи варзишгарони навраси Мактаби варзишии ноҳия суҳбат намуда, рафти бозии футболро миёни футболбозони наврас тамошо намуданд.
Зимни суҳбат ироа шуд, ки пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани наврасону ҷавонони ин гушаи кишвар маҳсуб меёбад.
Зимнан, як зумра варзишгарони наврас бо тӯҳфаву лавозимоти варзишӣ қадршиносӣ шуданд.
Тавре ба мушоҳида мерасад, ифтитоҳи чунин як майдончаи замонавии варзишӣ шавқу ҳаваси наврасону ҷавони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар кардааст.