Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

11.04.2025 / ТАРАННУМИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДЕҲОТИ МУҶИХАРФИ НОҲИЯИ НУРОБОД 10.04.2025



       Имрӯз басо хушоянд аст, ки дар сарорасари кишвари азизамон мардуми саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта истодаанд. Бо ҳамин мақсад имрӯз дар доираи Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар деҳаи Войдараи Ҷамоати деҳоти Муҷихарф ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҳама унсурҳои миллӣ таҷлил гардид. Дар чорабинии идона сокинони шарафманди деҳоти Муҷихарф бо либоси милливу идона ва бо таъби болидаи наврӯзӣ иштирок намуда, фазои идонаро гарму мунаввар сохтанд. Маҳсули дастони ҳунармандони асил, таомҳои миллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт сину ҳафт шин ва анъанаҳои мардумӣ дар аҳди Наврӯз ба намоиш гузошта шуданд. Раиси Ҷамоати деҳоти Муҷихарф Розиев Зинатулло ҳозиринро ба муносибати фарорасии ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфт. Мавсуф дар бораи аслу моҳияти таҷлили Наврӯз, чунин иброз намуд, ки бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, мо ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерин, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем. Лозим ба ёдоварист, ки зимни тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ чорабинии варзиши хоси маҳал баргузор гардида, дар фарҷом, аз чониби бошандагони деҳа, барномаи зебо ва рангини ҳунарӣ, ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод