07.04.2025 / ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Санаи 5 апрели соли 2025 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Нуробод бо иштироки сокинону меҳмонон бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии бошукӯҳи идона ва барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон, раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, собиқадорони меҳнат, зиёиён, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, муассисаву корхонаҳо, кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия ва сокинони шарафманди ноҳия ширкат варзиданд.
Маҳсули дастони ҳунармандони асил, таомҳои миллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син ва ҳафт шин анъанаҳои мардумӣ дар аҳди Наврӯз ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфт.
Мавсуф дар бораи аслу моҳияти таҷлили Наврӯз сухан намуда, аз саҳму хидмати арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мақоми байналмилалӣ касб намудани Наврӯз таъкид дошт.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳакимзода Қурбон мардуми саодатманди ноҳияи Нурободро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, дарҷ намуданд, ки мардуми тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳои ҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардан ва парастиши табиату қадршиносии неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи фарогири фарҳангӣ пешниҳод гардида, фазои чорабинии идонаро рангину мунаввар гардониданд.