Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

07.04.2025 / Боздид аз намоишгоҳи Наврӯзии ноҳияи Нуробод



       Санаи 5 апрели соли ҷорӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода аз намоишгоҳи бошукӯҳи Наврӯзи Нуробод, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Нуробод ташкил ва баргузор шуд, дидан намуданд. Дар ҷашнвораи шукӯҳманди наврӯзӣ сокинони шарафманду меҳнатқарини ноҳия бо дили саршор аз меҳру муҳаббати ватандорӣ ва суруру шодмонӣ ширкат варзида, маҳсули заҳмат ва дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш гузоштанд. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ин ҷо хони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, ки бозгӯи фарҳанги қадимаи дастархондории миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст, ороста шуд. Инчунин катбонувони соҳибзавқу хушсалиқаи ноҳияи Нуробод дар гӯшаҳои алоҳида маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла кулчаю қалама, чаппотию фатир ва дигар навъи шириниҳо омода ва пешниҳод карданд. Дар намоишгоҳи наврӯзӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзию кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва тоқидӯзию шерозбофӣ ба таври шоиста аз тарафи бонувони ҳунарманди ноҳия муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки ҳунарҳои қадимаи кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабатбофӣ ва оҳангарию дуредгарӣ низ дар байни сокинони шарафманди ноҳия солҳои охир аз нав эҳиё шуда, аз насл ба насл гузашта, рушду нумуъ меёбанд. Гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро ҳӯрокҳои миллӣ, аз қабили қурутобу шакароб, таҳмолу фатирмаска, оши бурида, суманаку самбӯса ва дигар ғизоҳои бо гиёҳҳои шифобахши баҳорӣ омодашуда зебу зиннат мебахшид. Дар дегҳои алоҳида катбонувон суманак омода мекараданд, ки он аз рамзҳои асосии ҷашни Наврӯз аст. Маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаю сабзӣ, пиёзу гулкарам, сирпиёзу шалғам ва гандуми биринҷ, ки маҳсули аҳли захмати кишоварзони ноҳияи Нуробод мебошад, ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, ниҳоли дарахтони гуногуни мевадиҳанда, сояафкан ва ороиширо пешкаш намуданд. Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад. Хусусиятҳои хоси дигари ҷашни Наврӯз инсонпарварӣ, некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Сокинони заҳматпешаи ноҳияи Нуробод бо барпо кардани намоиши дастовардҳо, анъанаҳои накуи наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадаст, ташкили бозиҳои варзишӣ ин маконро ба базмгоҳи ҳақиқии идона табдил доданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод