Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

07.04.2025 / ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР АРАФАИ НАВРӮЗ 5.04.2025



       Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни ваҳдату ҳамдилӣ, эҳтирому дӯстӣ ва ободиву созандагӣ мебошад. Ин ҷашни бостонӣ моро ба меҳнатдӯстӣ, ободкорӣ ва муҳаббат ба Ватан ҳидоят мекунад. Бо роҳандозӣ намудани чунин ҳадафҳои созандаю ободона ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ойинҳои Наврӯзӣ имрӯз дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен маркази савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои хизматрасонии мазкур аз 2 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкор Шаидов Қамариддин сохта шуда, зиёда аз 6 нафар сокинони маҳалли бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Маркази савдо барои пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла фурӯши молу маҳсулоти ғизоӣ, меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти ба ниёзи аҳолӣ заруратдошта барои аҳолӣ бунёд карда шудааст. Иншооти мазкур, ки ҷиҳати пешбурди савдою хизматрасонӣ ва беҳбудии шароити зиндагии аҳолӣ равона гардидааст, ба беҳтарсозии рушди иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард. Меҳмонон ин иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро ташаббуси созандаи арзёбӣ карда, таъкид сохтанд, ки саҳми соҳибкорону шахсони ободкор имрӯз бешубҳа дар рушду пешрафт ва ободонии кишвар назаррас мебошад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод