25.03.2025 / НАВРӮЗ ИФОДАГАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА СУННАТУ АНЪАНАҲОИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН

24 марти соли равон дар деҳаи Душохазамини деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод чорабинии бошукӯҳ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид.
Дар растаи омоданамудаи сокинони деҳа, маҳсули дастони онҳо аз қабили, таомҳои миллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт сину ҳафт шин ва анъанаҳои мардумӣ дар аҳди Наврӯз ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода иштирокчиёнро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намуд.
Истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз баъд аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар охир барномаи зебо ва рангин, ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд