25.03.2025 / НУРОБОД: МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ 22.03.2025

Иқдоми дарахтшинонӣ идомаи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат касб намуда, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст.
Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар шафати роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод бо иштироки раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода инчунин, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинону ҷавонон ҳашари дарахтшинонӣ ташкил ва гузаронида шуд.