Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

25.03.2025 / ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДЕҲОТИ МЕҲРОБОДИ НОҲИЯИ НУРОБОД 21.03.2025



       Имрӯз дар маркази Ҷамоати деҳоти Меҳробод ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукўҳу таровати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода, раҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони деҳоти Меҳробод ҳама бо либоси милливу идона ва бо таъби болидаи наврӯзӣ иштирок намуда, фазои идонаро гарму мунаввар сохтанд. Маҳсули дастони ҳунармандони асил, таомҳои миллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафтсин ва ҳафтшин анъанаҳои мардумӣ дар аҳди Наврӯз ба намоиш гузошта шуданд. Раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфт. Мавсуф дар бораи аслу моҳияти таҷлили Наврӯз сухан намуда, аз саҳму хидмати арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мақоми байналмилалӣ касб намудани Наврӯз таъкид дошт. Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунару санъати ноҳия барномаи фарогири фарҳангӣ пешниҳод гардида, фазои чорабинии идонаро рангину мунаввар гардониданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод