Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

25.03.2025 / ТАНТАНАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ КӮДАКОНИ ЯТИМ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Дар саҳни бинои Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Нуробод чорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид. Дар растаи омоданамудаи тарбиятгирандагони ин боргоҳи илму адаб, маҳсули дастони онҳо аз қабили, таомҳои миллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт сину ҳафт шин ва анъанаҳои мардумӣ дар аҳди Наврӯз ба намоиш гузошта шуданд. Дар оғози чорабинӣ, маъмурият бо ҳамроҳи меҳмонон аз растаҳои оростаи хонандагон дидан намуданд. Директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Нуробод Дилшод Хоҷаев иштирокчиёнро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намуд. Истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз баъд аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Мавҷуд Сатторӣ- сармуҳаррири Рӯзномаи ноҳиявии "Нури Нуробод" зимни суханронии хеш иброз намуд, ки миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонанд. Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки анъанаҳои дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки зимни тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ чорабинии варзиши хоси маҳал баргузор гардида, дар фарҷом, аз чониби тарбиятгирандагони ин боргоҳи илму адаб, барномаи зебо ва рангини ҳунарӣ, ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод