Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

02.03.2025 / Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексиришт



       Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Нуробод рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд. Дар робита ба ин, бо саҳмгузории сокинон, роҳи деҳаи Шаҳрисабзи деҳоти Хумдон, дар масофаи 1 километр таъмиру аз навсозӣ карда шуд. Имрӯзҳо ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар корҳои созандагии маҳалли худ, махсусан аз хонаи худ сар карда то ба ҷойҳои ҷамъияти саҳмгузор бошанд. Ин амали созандагиву бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии роҳҳои деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён аст.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод