01.03.2025 / НУРОБОД: ВАРЗИШ МИЁНИ БОНУВОН РУШД МЕКУНАД. 28.02.2025

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бори нахуст бахшида ба Рӯзи Модар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол миёни бонувон барои дарёфти "Ҷоми Раиси ноҳияи Нуробод" ташкил карда шуд.
Ин мусобиқа дар миёни бонувон аз зумраи маъруфтарин чорабинии солимгардонию варзишӣ ба ҳисоб меравад.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен иштирок намуда, дар суханронии худ изҳор намуданд, ки ҳадафи чорабинии мазкур рушди инкишофи соҳаҳои варзиш, ҷалби бештари бонувон ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарзанон ҷиҳати иштирок дар сабқатҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Ҳамчун қайд карда шуд, ки бо дарназардошти таъриху тамаддуни кӯҳан ва анъанаҳои миллӣ мебояд, то ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиш, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи занону духтарон ва наврасону ҷавонон дар рӯҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоем.
Дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол миёни бонувон барои дарёфти "Ҷоми раиси ноҳияи Нуробод" намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва бахши кор бо занон ва оила, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин намояндагони дастаҳои иштирокчӣ ва фаъолон ширкат варзиданд.
Тавре зикр гардид, мусобиқа бо дастгирии иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен бо мақсади тарғиби тарзи ҳайёти солим миёни бонувон, рушди варзиши волейбол ва дар сатҳи баланд таҷлили намудани Рӯзи Модар роҳандозӣ гардидааст.