22.02.2025 / САҲМИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ, ДАР ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо дар мамлакат бо маром идома дорад, ки нишонаи ватандӯстиву ҳимматбаландии мардуми тоҷик мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати истифодабарии роҳҳои маҳал ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию созандагӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Нуробод бо маром идома доранд.
Бо ҳамин мақсад дар асоси дастуру супориши иҷрокунандаи раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ миёни сокинони ноҳия бештар гардида истодааст.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва саҳмгузории соҳибкорони ватандӯстӣ Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ, 8 км роҳҳои маҳаллӣ, бо ҷалби техникаю механизмҳои роҳсозӣ тахту ҳамвор карда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ таъмири пулҳову роҳҳои маҳаллӣ, бунёди толори варзишӣ ва муассисаҳои таълимию томактабӣ бо маром идома дорад.