22.02.2025 / Таҷлили 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод.

21 феврали соли 2025 дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан» баргузор гардид.
Иҷрокунандаи раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода зимни суханронӣ тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва кулли мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда қайд намуданд, ки аз таъсисёбии Артиши миллӣ ҳамагӣ 32 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, роҳеро тай намудааст, ки он арзиши таърихию тадбирҳои анҷомшуда қиммати чандинсоларо дорад.
Агар ба таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб меравад, таваҷҷӯҳ намоем, равшан мегардад, ки он ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ - дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихӣ, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис ёфтааст.
Бодарназардошти ин нукта Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаҳои беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмин кардан бо лавозимоту таҷҳизоти зарурӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.
Ҳамаи ин амалу падидаҳои нек ба он водор месозад, ки хизматчиёни харбӣ ба Ватану миллати хеш таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, меҳанпарастию меҳандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар густариши ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибистиқлоламон ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ самимонаву холисона ҷидду ҷаҳд намоянд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо садоқат ба савганди ҳарбии худ дар оянда низ қарзи ҷавонмардии хешро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси тоҷикон, ҳимояи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор аз фаъолони касбу кори гуногуни ноҳия бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод сарфароз гардида, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.