Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

22.02.2025 / ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН.



       Санаи 18 феврали соли 2025 дар асоси нақшаи тасдиқгардида, баргузории вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатаи Рашт №12 бо интихобкунандагони ноҳияи Нуробод дар деҳоти Иззатулло Ҳалимов баргузор гардид. Зимни вохӯри аз ҷониби шахсони боэътимоди номзад ҳолнома ва фаъолияти кории номзад ба саҳми интихобкунандагон расонида шуд. Оид ба мақсад ва ҳадафҳои дар барномаи пешазинтихоботии худ номзадҳо ба интихобкунандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Дар ин радиф барномаи пешазинтихоботии номзад ба интихобкунандагон дастрас карда шуд. Дар фарҷоми вохӯри интихобкунандагон оид ба ҳали мушкилотҳои ҷойдошта дар маҳали худ суханрони намуда ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод