Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

22.02.2025 / ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 1802.2025



       Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд. Ба истиқболи ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Нуробод рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд. Дар робита ба ин, бо саҳмгузории сокинони деҳоти Сафедчашма роҳи деҳаи Шербегиён то деҳаи Улфатобод дар масофаи 2,2 километр тахту ҳамвор карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Сафедчашма таъмири пулҳову роҳҳои маҳаллӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои варзишӣ бо маром идома дорад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод