Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

12.02.2025 / БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ НАЗДИ ИҶРОКУНАНДАИ РАИСИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       Таҳти раёсати иҷрокунандаи раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен машварати корӣ баргузор гардид. Дар корӣ машварат муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд. Тибқи рӯзномаи корӣ аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо пурсишҳо ба амал оварда барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи ноҳия, тозаю озода нигоҳ доштани боғи фарҳангию фароғатӣ, кучаю хиёбонҳо ва саҳни идораю муассисаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас расонида шуд. Сипас, пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда оиди ҳолати риоя ва иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муовини раиси ноҳия Бухоризода Наврӯзшоҳ шунида, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъдан, нозир оид ба муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати малиявӣ дар минтақаи Рашт летинанти калон Мирзоев Муҳаммад якчанд пешниҳодҳое, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ворид шуда буданд ба самъи ҳозирин расонида шуда, аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар фаъолияти як зумра роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳолатҳои характери коррупсионӣ дошта, муайяну ошкор карда шуд, ки ба шаъну шарафи роҳбарони ташкилотҳо ва хизматчиёни давлатӣ иснод меорад. Дар ин росто, иҷрокунандаи раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен оиди сари вақт ва фавран бартараф намудани камбудиҳое, ки дар пешниҳодҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дарҷ гардиданд ба масъулин супоришҳои қатъи доданд. Дар баробари ин иҷрокунандаи раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвиятбахшии нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи сарфакоронаю самараноки обу замин, таъмири роҳҳо ва беҳсозии вазъи муассисаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, самаранок истифода гардидани маблағҳои буҷетӣ, дарёфти манбаъҳои нави андоз, рушди соҳаи футбол, ташкили дастаҳои футболи бонувон, фаъолияти китобхонаҳо, сатҳу сифати дониш, соҳибкасб намудани занону бонувон, ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили "Тоҷикистон-Ватани азизи ман"," Илм-фурӯғи маърифат" ва "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" таъкид карда шуд. Инчунин, омодагӣ ба Интихоботи дар пешистода, фаҳмонда додани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар байни сокинони ноҳия, тайёрӣ ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои таъминоти кадрӣ, иҷрои саривақтии асноди назоратӣ, амалишавӣ ва иҷрои талаботи қарору барномаҳо, консепсияву стратегияҳо, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ҷашнҳои Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ, хизмати софдилона ба халқу Ватан ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз масъулинро муваззаф намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод