12.02.2025 / ИҶРОИ ДАСТУРҲО ДАР АМАЛ БАҲРИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР МАҲАЛ!

Баҳри тақвият бахшидани футбол дар маҳал ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, дар варзишгоҳи деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод мусобиқаи футбол бо усули маҳал бо маҳал баргузор шуд.
Дар оғози баргузории мусобиқа мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод Эшонҷон Саидов суханронӣ намуда, чунин иброз намуд, ки бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.
Дар робита ба ин, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ санаи 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Воқеанҳам, боиси ифтихору сарфарозии мо ҷавонону варзишгарон ва сокинони кишвар аст, ки ташаббуси глобалии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ бори дигар рӯҳияи мардуми шарафманди тоҷикро боло бардошта, дар дили наврасон шавқу ҳавасро нисбат ба ин бозии оламшумули футбол дубора бедор кард.
Лозим ба зикр аст, ки дар байни 10 дастаи футболбозони маҳаллӣ дастаи футболбозони деҳаи Яхчи Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов сазовори ҷойи якум, ғолиби ҷойи дуюм ва сеюм дастаи шаҳраки Дарбанд ва деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Меҳробод дониста шуда, бо ҷому медалҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Мақсади роҳандози гардидани мусобиқаи мазкур, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби сокинон ба хусус ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи бозии футбол миёни онҳо, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ миёни ҷавонони ҳудуди ноҳия, ҳамзамон, баҳри дарёфт ва интихоб намудани варзишгарони беҳтарин барои дастаи якачини "Меҳргон"-и ноҳияи Нуробод мебошад.