11.02.2025 / ҚАБУЛИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ИҶРОКУНАНДАИ РАИСИ НОҲИЯИ НУРОБОД 8.02.2025

Қабули шаҳрвандон ва расидагӣ ба дархосту муроҷиати онҳо дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод тибқи талаботи Қонун “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба роҳ монда шудааст.
Дар рӯзи қабули иҷрокунандаи раиси ноҳия Салеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, ки шанбеи ҳар ҳафта баргузор мешавад, имрӯз оид ба таъмин бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳалли баҳси замин, таъминот бо барқ, мусоидат ба ҳалли баҳси оилавӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки шаҳрвандон имрӯз дар рӯзи қабули иҷрокунандаи раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен ба миён гузоштанд.
Дар рӯзи қабул ҳар як муроҷиат батафсил шунида, моҳияти масъала муайян карда, ба масъулини ниҳодҳои марбута ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои баррасӣ ва ҳалли қонунии онҳо дастур дода шуд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки рафти иҷрои муроҷиату дархостҳои шаҳрвандон зери назорати ҷиддӣ қарор дода, гузориши масъулин дар ин бора шунида мешавад.