06.02.2025 / ПАЁМ- КАФИЛИ ОЯНДАИ РӮШАНУ СОЗАНДА 5.02.2025

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, ҳамчун барномаи дурнамои давлатӣ дар самти амалигардонии ҳадафҳои рушди мамлакат нақши меҳварӣ дошта, барои ҳар сокини бошарафи давлати соҳибистиқлоламон дастурамали роҳнамо дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём дар ноҳияи Нуробод гуруҳҳои корӣ ташкил шудаанд.
Мулоқоти аъзои гурӯҳи корӣ ин навбат бо сокинони деҳаҳои Шашволон ва Душохазамини деҳоти Меҳробод ташкил шуд.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳия Шоҳиён Маҳмад Бала иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дарбар мегирад. Ҳамзамон, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон баф ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем,- гуфта шуд зимни вохӯрӣ.
Бояд зикр кард, ки чунин суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.