Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.02.2025 / ИДОМАИ СӮҲБАТУ МУЛОҚОТҲО ТАҲТИ УНВОНИ "НАҚШИ ПАЁМ ДАР ҲАЁТИ СИЁСИВУ ИҶТИМОИИ ҶАВОНОН" 5.02.2025



       Доираи нақша чорабиниҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳраку деҳоти ноҳия силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар деҳаи Сангдеволи деҳоти Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Ғазозода Ҳабибулло ва дигар масъулин иштирок ва суханрони намуданд. Бояд гуфт, ки дар вохӯрӣ доир ба самтҳои Паём ва ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ сухан гуфтанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод