Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.02.2025 / ВОХӮРИИ СУДМАНД БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"



       Имрӯзҳо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор бо усули "Мактаб ба мактаб" бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯриву мулоқотҳо гузаронида истодаанд. Вобаста ба ин, санаи 5 феврали соли 2025 бо иштироки муовини раиси ноҳия Бухоризода Наврӯзшоҳ ва дигар шахсони масъули самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45-деҳоти Хумдон мулоқот бо ҷамъи васеи падару модарону хонандагон доир гардид. Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯриҳои мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи маориф", "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мебошад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод