Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.02.2025 / ПАЁМ – ЧАРОҒИ РАҲНАМОИ МИЛЛАТ



       Санаи 4-уми феврали соли равон тибқи дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақшаи тасдиқгардида, ҷиҳати матраҳ намудани шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Тегирмии деҳоти Меҳробод вохӯрӣ доир намуд. Нахуст, муовини якуми раиси ноҳия - Шоҳиён Маҳмад Бала аз нуқтаҳои Паёми навбатӣ ёдоварӣ намуда, ин ҳуҷҷати раҳнаморо омили рушди босуботи кишвар арзёбӣ намуд. Дар вохӯрӣ иброз шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама самтҳо кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки аксари онҳо зимни таҳлили амиқи Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ зикр шуданд. Дар идомаи мулоқот масъулин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо оид ба паҳлӯҳои дигари Паём ибрози андеша намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод