06.02.2025 / НАҚШИ ПАЁМ ДАР ҲАЁТИ СИЁСИВУ ИҶТИМОИИ ҶАВОНОН 4.02.2025

Дар доираи нақша чорабиниҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия силсила вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ баргузор гардида истодааст.
Имрӯз дар деҳаи Алигалабони деҳоти Ҳакимӣ вохӯрии судманд миёни сокинон доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Бухоризода Наврӯзшоҳ ва дигар масъулин иштирок ва суханрони намуданд. Бояд гуфт, ки дар вохӯрӣ доир ба самтҳои Паём ва ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ сухан гуфтанд.