Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

03.02.2025 / НУРОБОД. РАВАНДИ СОЗАНДАГИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД 28 январ 2025



       Сокинони сарбаланди ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарӣ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва амалигардонии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, таъмини зиндагии шоистаи мардум садоқатмандона машғули корҳои созандагию бунёдкоронаанд. – Соли 2024 барои сокинони меҳнатдӯсти ноҳия соли пурфайзу баракат, барору комёбиҳо ва хотирмон буд, зеро моҳи сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нуробод ташриф оварда, як қатор иншооти муҳими соҳаҳои хоҷагии халқ ва барои сокинони ноҳия хеле арзишманд, аз ҷумла хатти оби нӯшокии Шолидара – Дарбанд, МТМУ №28, бинои шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил барои ноҳияҳои минтақаи Рашт, бинои Муассисаи таълимии "Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа" ва 22 хонаи истиқоматӣ бо таъмини тамоми таҷҳизоти рӯзгор барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Яхаки деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимовро мавриди истифода қарор доданд. Ба шарофати заҳмати халқ, раванди ободкорию созандагӣ идома дошта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи сокинон амалӣ карда мешаванд, – иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода. Мавсуф афзуд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли рафта ба 556,4 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли пеш 6,9 фоиз зиёд гардид, ки аз ин 405,8 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 116,7 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 26,9 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 7 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳаҷми гардиши савдои чакана бо нархҳои муқоисавӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар қиёс ба солҳои гузашта афзоиш ёфтанд. Ноҳияи Нуробод аграрист, бинобар ин, кишоварзӣ самти асосии фаъолияти аҳолии ноҳия маҳсуб мешавад. Соли рафта ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 405 миллиону 803 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 26 миллиону 371 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Деҳқонон, махсусан аз зироатҳои техникӣ, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво ҳосили баланд рӯёнданд. Ба соҳаи чорводорӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад, ин аст, ки соҳа пайваста рушд меёбад. Соли рафта саршумори чорвои калон ба 37 913 сар, чорвои майда 120 902 сар, паранда 111 065 сар, асп 808 сар ва оилаи занбӯри асал ба 12 345-то расонда шуд, ки дастоварди бузург аст. Аз фурӯши маҳсулоти чорво, паранда ва занбӯри асал даромади аҳолӣ пайваста меафзояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2024, №192, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» тадбирҳои зарурӣ андешида, нақшаи захираи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, гази моеъ ва маводи зидди лағжиш иҷро гардид. Дар маҷмуъ, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ пурра бо маводи гармидиҳӣ таъмин гашта, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар ҷаласаҳои ситоди ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба сари вақт ҳал намудани масъалаҳои бамиёномада, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд. Дар ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмиру бунёди 257 иншоот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, саноат, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ пешбинӣ шуда буд, ки то имрӯз 178 иншоот (69,3 дарсад) мавриди истифода қарор гирифт. Таъмиру навсозии роҳҳо, пулҳо, хатҳои оби нӯшокӣ, марказҳои хизматрасонӣ низ дар назаранд. Айни ҳол, сохтмону навсозии 75 иншоот бомаром идома дошта, дар 4 иншоот, аз ҷумла марҳалаи 3-юми роҳи марказии шаҳраки Дарбанд, мактаби санъат ва мусиқӣ, беморхонаи касалиҳои сироятӣ ва корхонаи коркарди сангу шағали ҶДММ «Ҳумо-2020», корҳои сохтмонӣ то ҳол оғоз нагардидаанд. Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият” Санаи нашр: 28.01.2025 №: 20


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод