29.01.2025 / МАШВАРАТИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД
Таҳти раёсати иҷрокунандаи раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен машварати корӣ баргузор гардид.
Дар корӣ машварат муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи корӣ аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо пурсишҳо ба амал оварда барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи ноҳия, тозаю озода нигоҳ доштани боғи фарҳангию фароғатӣ, кучаю хиёбонҳо ва саҳни идораю муассисаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас расонида шуд.
Дар баробари ин иҷрокунандаи раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвиятбахшии нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи сарфакоронаю самараноки обу замин, таъмири роҳҳо ва беҳсозии вазъи муассисаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, самаранок истифода гардидани маблағҳои буҷетӣ, дарёфти манбаъҳои нави андоз, рушди соҳаи фарҳанг, китобхонаҳо, сатҳу сифати дониш, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили "Тоҷикистон-Ватани азизи ман"," Илм-фурӯғи маърифат", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикон дар оинаи таърих" таъкид карда шуд.
Инчунин, омодагӣ ба Интихоботи дар пешистода, фаҳмонда додани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар байни сокинони ноҳия, тайёрӣ ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ҷашнҳои дар пешистода, хизмати софдилона ба халқу Ватан ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз масъулинро муваззаф намуданд.