Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

27.01.2025 / ПАЁМ - МЕҲВАРИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ 24.01.2025



       Бо мақсади амалӣ намудани нуқтаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, тибқи нақша-чорабиниҳо бо сокинони деҳаи Сияҳоби Ҷамоати деҳоти Хумдон вохӯрӣ баргузор намуд. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Бухоризода Наврӯзшоҳ суханронӣ намуда, нуқтаҳои беназири Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро ёдоварӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳар як нуктаи Паём моро водор месозад дар пешбурди корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ободкориву созандагӣ саҳмгузорӣ намуда, зери як сиёсат, зери як амният, зери як ҳадаф муттаҳид гардида, ҷавонону наврасонро тарбияти дуруст намоем ва сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорем. Дар идома мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Эшонҷон Саидов зимни суханронии худ, иброз намуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дарбар мегирад. Ҳамзамон, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ сухан гуфтанд. Чунин суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод