Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

24.01.2025 / САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ



       Ҷашни Сада таҷассумгари ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд. Маҳз зери роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллиамон, аз ҷумла Сада эҳё гардид. Санаи 24 январи соли 2025 дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, зимни он урфу одатҳои миллӣ, маҳсули дасти деҳқонон аз қабили ниҳолу буттаҳо, сабзавоту меваҳои хушк, тухмии зироатҳо ва техникаҳои кишоварзӣ мавриди намоиш ва баҳрамандии сокинони ноҳия қарор гирифт. Дар чорабинии идона иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен иштирок намуда аз маҳсули дасти деҳқонон ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада муборакбод намуда, бо ифтихор аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, рушди пешаи кишоварзӣ ва василаи таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст, ки бо чунин руҳу илҳом ва иқдому ниятҳои нек сокинони ноҳияи Нуробод бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу субот, Истиқлоли давлатӣ, оромии кишвари азизамон ва пеш аз ҳама садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро бо тантана таҷлил намуда истодаанд. Дар идомаи суханронии худ ҳамчунин сокинони ноҳияро ба таблиғи ғояҳои нек, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ, ободу сарсабз гардонидани табиати диёр, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист раҳнамун сохта, кишоварзону боғдоронро ба мавсими омодагии киштукори баҳорӣ ва бештар заҳмат кашидан ҳавасманд намуданд. Дар идомаи ҷашн барномаи фарҳангии бахши фарҳанги ноҳия пешкаши сокинон гардид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод