23.01.2025 / ТАХТУ ҲАМВОР НАМУДАНИ РОҲҲО ИДОМА ДОРАД 23.01.2025
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати истифодабарии роҳҳои маҳал ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию созандагӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Нуробод бо маром идома доранд.
Бо ҳамин мақсад дар асоси дастуру супориши иҷрокунандаи раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ миёни сокинони ноҳия бештар гардида истодааст. Дар робита ба ин, бо саҳмгузории ҷавонони ватандӯстӣ деҳоти Иззатулло Ҳалимов роҳи деҳаи Яхч то шоҳроҳи байналмилалӣ дар масофаи 6 километр бо ҷалби техникаю механизмҳои роҳсозӣ, тахту ҳамвор карда шуд.