Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

23.01.2025 / БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Санаи 23 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳия бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Шоҳиён Маҳмад Бала, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Саломатшо Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон, собиқадорон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар кори маҷлис муҳокимаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: 1.Натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти соли 2025; 2.Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод барои нимсолаи аввали соли 2025 3.Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024; 4. Пешбарии номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод. 5. Масъалаҳои ҷорӣ. Вобаста ба масъалаи якум, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Саломатшо баромад намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод дар соли 2024 ҳисобот дод. Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар пешрафти ҳаёти сиёсии ҷомеа саҳми сазовор гузошта, баҳри мустаҳкам намудани эътибори шоистаи ҲХДТ ҳамарӯза талош варзиданд. Сипас, бо овоздиҳии кушод нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод барои нимсолаи якуми соли 2025 тасдиқ карда шуд. Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод масъалаҳои пешниҳоди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ баррасӣ гардид. Баъдан, Саидов Эшонҷон- раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон” қайд намуд, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар низоми давлатдории мо ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ва муҳимтарин барои амалу созандагӣ шинохта мешаванд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 муждаҳои тоза дар бораи ояндаи дурахшон ва рушду нумӯи минбаъдаи мамлакатамон, имкониятҳои нав ба нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозад. Дар идома, Ҳисориён Зафар Абдусамад- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод оид ба интихоботи дарпешистода ва нақши аъзои ҲХДТ дар ташкилу баргузории он ибрози андеша карда, баҳри дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ - Интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавсияҳои судманд дод. Дар анҷоми маҷлис як қадор яъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар пешбурди кори ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд бо ифтохорномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод қадрдонӣ гардиданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод