Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

23.01.2025 / СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВОБАСТА БА ИНТИХОБОТ



       Санаи 22 январи соли 2025, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 -и шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии Раҷабзода Маҳмадёр Носир ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва дигар коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ раисон, муовинон, котибон ва аъзои Комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок доштанд. Мақсади асосии баргузории семинари омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи корбарии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихобот, дастурамалҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот мебошад. Зимнан зикр карда шуд, ки Комиссияҳои интихоботӣ бояд ваколатҳои худро дар асоси талаботи қонунгузории интихоботӣ ба роҳ монда, барои сари вақт омода намудани ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ба итмом расонидани маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон, дастрас гардонидани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, мавод оид ба тартиби иштирок дар интихобот ва тарзи нави овоздиҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод