Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

15.01.2025 / САҲМИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ, ДАР ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ



       Дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо дар мамлакат бо маром идома дорад, ки нишонаи ватандӯстиву ҳимматбаландии мардуми тоҷик мебошад. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва саҳмгузории соҳибкорони ватандӯстӣ Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 км роҳҳои маҳаллӣ, бо ҷалби техникаю механизмҳои роҳсозӣ ва саҳми муносиби сокинону ҷавонон тахту ҳамвор карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ таъмири пулҳову роҳҳои маҳаллӣ, бунёди толори варзишӣ ва муассисаҳои таълимию томактабӣ бо маром идома дорад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод