14.01.2025 / ОБОДИИ ДИЁР АЗ ОБОДИИ РОҲҲО ИБТИДО МЕГИРАД
Зери ин иқдом дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Нуробод бо маром идома доранд.
Бо ҳамин мақсад дар асоси дастуру супориши иҷрокунандаи раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия оғоз гардида, давоми рӯз қисмати зиёди роҳи мошингарди деҳаи Лангар то деҳаи Фурудгоҳ тахту ҳамвор гардид.
Зикр намудан бо маврид аст, ки таъмири роҳи мазкур бо иқдоми сокинону ҷавонон ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ шуда, дарозии он 3 километрро ташкил медиҳад. Зимни суҳбат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин иқдому ташаббусҳои сокинони деҳотро дар самти ҳамворкунии роҳҳо намунаи ибрат дониста, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд.
Лозим ба зикр аст, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод таъмири пулҳову роҳҳои маҳаллӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва толору майдончаҳои муосири варзишӣ бо маром идома дорад.