Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

02.01.2025 / НУРОБОД: ДАР ДЕҲАИ ЛАНГАРИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МЕҲРОБОД МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ СОХТА МЕШАВАД



       Дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод дар заминаи сиёсати бунёдкорона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҷамоати деҳоти Меҳробод бо ҷалби ҷавонони соҳибкор ва ватандӯсти деҳаи Лангар ҳамарӯза корҳои сохтмонӣ дар бунёди майдончаи варзишӣ бо маром идома дошта, ҷавонон азм гирифтанд, ки дар муҳлатҳои пешбинишуда майдончаи мазкурро бо тамоми шароити муносиб ба истифода диҳанд. Дар ин тадбири хайр саҳми ҷавононе, ки дар хориҷӣ кишвар аз деҳаи Лангар мебошанд назаррас аст. Ин ташаббусро масъулин идомаи мантиқии сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат маънидод карда, ин иншоотро туҳфаи арзишманд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли кишвар меҳисобанд. Чунин иқдомҳои наку аз ҷониби ҷавонони ватандӯсти ноҳия дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Нуробод низ идома дорад. Манбаъ: (Сомонаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод)


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод