02.01.2025 / АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани ятимону бепарасторон, маъюбону оилаҳои ниёзманд пайваста чораҳои судмандро амалӣ менамояд.
Ҳамасола дар арафаи ҷашну санаҳои таърихӣ аёдати табақаи осебпазирӣ ва кӯмак ба онҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо ин мақсад дар арафаи Соли нави мелодӣ аз тарафи раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод ба оилаҳои камбизоати Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маводи ниёзи аввалия ва туҳфаҳои солинавӣ аз тарафи масъулин расонида шуд.
Зимни тақдими ин туҳфаҳо наздикони шахсони номбурда сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ карданд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдом ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.