02.01.2025 / ТУҲФАҲОИ СОЛИ НАВӢ БА АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМӢ
Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2025 дар қисми низомии 45075-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланан бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод туҳфаҳои солинавӣ ва маводи ғизоӣ расонида шуд.
Ин иқдоми хайрхоҳона руҳияи сарбозонро баланд бардошта дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон камари ҳиммат мебанданд.