Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

02.01.2025 / НУРОБОД: САҲМГУЗОРИИ ҶАВОНОНИ ДЕҲАИ САРИҚОШ ДАР БУНЁДИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ, БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ



       Дар доираи сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ иншоотҳои гуногунсоҳа бунёд гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва саҳми ҷавонони маҳал, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди толори варзишӣ бо тарҳи замонавӣ, дар деҳаи Сариқоши Ҷамоати деҳоти Хумдон мавриди истифода қарор дода мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки корҳои сохтмонӣ дар қисмати болопӯши толори варзишӣ, аз ҷониби сокинону ҷавонони фаъоли деҳаи Сариқош бо маром идома дошта, масъулин ба он назаранд, ки дар муҳлати пешбинишуда толори варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод