28.12.2024 / ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ КӮДАКОНИ ЯТИМИ НОҲИЯИ НУРОБОД
Дар арафаи Соли нави мелодӣ туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Нуробод расонида шуданд.
Кумакҳои мазкурро аз номи Сарвари давлат ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимои робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода ва дигар шахсони масъул тақдим намуданд.
Кумакҳо аз сарулибос, шириниҳои солинавӣ иборат буда, инчунин барои 147 нафар тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуд.
Ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди мамлакат ғамхорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.