28.11.2024 / РОҲИ ДЕҲА МУМФАРШ КАРДА ШУД
Давоми солҳои охир дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо дар мамлакат бо маром идома дорад, ки нишонаи ватандӯстиву ҳимматбаландии мардуми тоҷик мебошад.
Дар робита ба ин, бо саҳмгузории соҳибкорону сокинон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳи деҳаи Оби-Лурди Ҷамоати деҳоти Хумдон бо ҷалби техникаю механизмҳои роҳсозӣ дар масофаи 1 километр мумфарш карда шуд.
Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода аз ҷараёни корҳои мумфаршкунии роҳ дидан карда, мардуми деҳаро ба корҳои ободонӣ ҳидоят намуданд.